Соли 1998
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 1998)
| Солҳо |
|---|
| 1994 · 1995 · 1996 · 1997 — 1998 — 1999 · 2000 · 2001 · 2002 |
| Даҳаҳо |
| 1970-ум · 1980-ум — 1990-ум — 2000-ум · 2010-ум |
| Садаҳо |
| садаи XIX — садаи XX — садаи XXI |
Соли 1998 (ҳазору нуҳсаду наваду ҳаштум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи панҷшанбе. Ин 1998 соли даврони ҳозир, 998 соли ҳазораи 2, 98 соли садаи XX, 8 соли даҳаи 10 садаи XX, 9 соли даҳаи 1990-ум.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 22 сентябр — кушта шудани раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комиссияи оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе.[4]
- 7 ноябр – Полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи мусаллаҳи худ ба вилояти Суғд ҳамла намуд. Дар натиҷаи амалиёти мақомоти давлатӣ тартиботи конститутсионӣ барқарор гардида, шӯриш пахш карда шуд.
- 12 ноябр – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро қабул намуд. Кодекс асосҳои ҳуқуқии низоми андозбандӣ, тартиби муқаррар ва ситонидани андозҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои андозсупорандагон ва мақомоти андозро муайян кард. Ҳамзамон, бо Қарори Маҷлиси Олӣ №665 тартиби мавриди амал қарор гирифтани Кодекс тасдиқ шуда, муқаррар гардид, ки Кодекс аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор дода шавад.[5]Қарори мавриди амал қарор додан:[6]
- 13 ноябр — Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998. Кодекс муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, ақди никоҳ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамсарону фарзандон ва дигар масъалаҳои ҳуқуқи оиларо ба танзим даровард.[7][8]
- 13 ноябр – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори «Дар бораи афви умумӣ»-ро қабул намуд. Санади мазкур дар доираи сиёсати таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ қабул гардида, татбиқи чораҳои афв ва ҳамгироии иҷтимоии иштирокчиёни низои дохилиро пешбинӣ мекард. Дар ҳамон рӯз инчунин Қарор «Дар бораи тартиби татбиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афви умумӣ"», №706 қабул гардид, ки механизми иҷрои афвро муайян намуд.[9]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 №648 «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»(тоҷ.). mmih.adlia.tj. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 май 1998). 3 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Қонунгузории бонкӣ(тоҷ.). www.nbt.tj. Бонки миллии Тоҷикистон. 3 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 564.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 89.
- ↑ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). mmih.adlia.tj. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (12 ноябри 1998). 3 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 №665 «Дар бораи тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»(тоҷ.). mmih.adlia.tj. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (12 ноябри 1998). 3 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998(тоҷ.). mmih.adlia.tj. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 ноябри 1998). 3 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе:РТСУ,2020. С. 108.
- ↑ Постановление Маджлиси Оли Республики Таджикистан «О порядке применения Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан "О всеобщей амнистии"»(рус.). ncz.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 ноябри 1998). 3 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 110.
| Соли 1998 дар Викианбор |